Дар Алмато бар асари заминларза 8 нафар маҷруҳ шуданд

Январь 23, 2024 14:59

ДУШАНБЕ, 23.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алматои Қазоқистон дар натиҷаи заминларза 8 нафар ҷароҳати гуногун бардоштаанд. Дар ин хусус дар идораи тандурустии шаҳр хабар доданд.

Тибқи иттилои агентии ТАСС,  дар натиҷаи заминларза дар Алмато ба ҳолати соати 03:00-и 23 январ 8 нафар захмӣ шуда, ҳамаи онҳо фавран ба беморхонаҳои шаҳр интиқол дода шуданд. Дар гузориши хадамоти матбуотӣ гуфта мешавад, ки се нафар аз ошёнаҳои 2 ва 3-юми хонаҳои истиқоматӣ ба берун парида, маҷруҳ шудаанд.

Тибқи маълумоти зилзилашиносони қазоқистонӣ, қувваи заминларзаҳо дар Алмато тақрибан 5 баллро ташкил медод. Бисёре аз сокинони шаҳр пас аз ин аз тарси таконҳои такрорӣ фавран манзилҳояшонро тарк намудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 23, 2024 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Хоруғ мизбони конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар самти сулҳу ваҳдат шуд