Дар Ҷамоатҳои деҳоти Қаратоғ, Регар ва 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода сохтмони муассисаҳои таълимӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 11.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз роҳбарияти шаҳри Турсунзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Қаратоғ, Регар ва 10-солагии Истиқлолият шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.
Тавре қаблан хабар додем, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Нуристони ҷамоати 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода дар заминаи Муассисаи таълимии №111 10 синфхонаи таълимӣ бо фарогирии 480 хонанда дар ду баст сохта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми соҳибкорони маҳалливу сокинони деҳот дар деҳаи Саттор Раҷабови Ҷамоати деҳоти Навобод сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз ёфт. Бинои мактаб аз ду ошёна, 16 синфхона ва як утоқи кори омӯзгорон иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Он дар майдони зиёда аз 0,50 гектар сохта мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






