Дар Қазоқистон автобусеро, ки дар шафати кони маъдан афтода буд, пайдо намуданд

Январь 8, 2024 16:36

ДУШАНБЕ, 08.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисон автобусеро пайдо намуданд, ки 4 январ бо наҷотдиҳандагони кӯҳӣ дар чоҳи шафати кони маъдан дар вилояти Павлодари Қазоқистон афтода буд. Дар ин хусус Роҳбари маъмурияти вилояти Павлодар Асаин Байханов аз рӯйи натиҷаҳои корҳои нусхабардории ҷуғрофӣ дар ин минтақа, ки рӯзи душанбе гузаронида шуд, хабар дод.

Байханов итминон дод, ки кори ҷустуҷӯи бедаракшудагон ба таври шабонарӯзӣ бурда шуда, ҳатто як дақиқа ҳам қатъ намешавад. Дар маҷмуъ ба корҳои ҷустуҷӯӣ 136 нафар, 41 техника, 3 дастаи кинологӣ ва 2 ҳавопаймои бесарнишин ҷалб гардидаанд.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки аз чуқурии 150 метр ҷасади ду нафар аз чор каси дар автобусбуда пайдо гардидааст.

Ҳодиса шаби 4 январ дар ноҳияи Баянаули вилояти Павлодар дар ҳудуди ҶС «Майкаинзолото», дар наздикии кони ангишти Майкаин рух дод. Ба гуфтаи мақомот, автобус бо се наҷотдиҳанда ва ронандаи автобус ба фазои тозакунӣ афтодааст. Дарозии тахминии чуқурӣ 150-200 м, паҳноӣ 500 м, умқи фурӯравӣ — 150 м будааст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 8, 2024 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд