Дар Бадахшон ҷашни Садаро бо риояи расму русуми ниёгон таҷлил намуданд

Январь 27, 2024 18:17

ДУШАНБЕ, 27.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ ҷашни Сада бо риояи расму русуми ниёгон таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Ҳайати меҳмонон бо намоишгоҳи масҳулоти кишоварзии вилоят шинос шуда, барои меҳнати содиқона ба масъули баҳои баланд дод.

Таъкид гардид, ки халқи тоҷик дорои таърих ва фарҳанги кӯҳан буда, аз замонҳои қадим то ба имрӯз ба ойину суннатҳои миллӣ ва арзишҳои аҷдодӣ арҷ мегузорад ва имрӯз барои эҳёю ғановатманд гардондани онҳо ва густариш пайдо намудани маросиму ҷашнҳои бостонӣ саъю талош менамояд. Сада аз ҷумлаи чунин ҷашнҳои бостонӣ  мебошад ва дар аҳди қадим, махсусан замони Сомониён бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардид.

Тазаккур дода шуд, ки моҳиятан ҷашни Сада пирӯзии рушноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ буда, мардум онро бо табрики ҳамдигар, баргузории рақсу суруд, афрӯхтани гулханҳои бузург ва дигар расму русуми нек таҷлил менамоянд.


«Ғояи асосии ҷашни Сада гиромидошти нуру рушноӣ ва гармию корҳои дигари хайр буда, дар ин бобат, дар устураҳои бостонӣ  омадааст, ки мардум бо амалӣ намудани ин одатҳо, аз ҷумла афрӯхтани оташ, фасли баҳор ва гармию рушноиро даъват менамуданд», — иброз гардид дар чорабинӣ.

Дар чорабинӣ шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаи кишоварзӣ бо сипосномаи роҳбарияти вилоят сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон барои мудирони бахши кишоварзии ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъа 1 адад мотосикл, дорупошак, либоси махсус, дору бар зидди ҳашароти зараррасон, қимакунаки  алаф ва дигар техникаи лозима тақдим гардид.

 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Январь 27, 2024 18:17

Хабарҳои дигари ин бахш

СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад