Дар дараи Ромит барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон иншооти таҷрибаомӯзӣ ба истифода дода шуд

Январь 27, 2024 09:02

ДУШАНБЕ, 27.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар дараи Ромит бинои 2 ошёнаи наву замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти ҳозиразамони  таҷрибаомӯзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иттилоъ доданд.

Иншооти нав дар Боғи «Агробиолабораторӣ»-и донишгоҳ бунёд гардида, барои баланд бардоштани корҳои таҷрибаомӯзии саҳроии донишҷӯёни факултаҳои география, биология ва химия пешбинӣ шудааст.

Маҷмааи нави таҷрибаомӯзии саҳроӣ аз 60 рахти хоб, 15 синфхона, аз ҷумла як маҷлисгоҳ, 2 утоқи корӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон барои омӯзгорону мутахассисони илмҳои биология, химия ва география иборат мебошад.

Толори маҷлисии иншоот дорои 120 ҷойи нишаст буда, барои гузаронидани ҳамоишу чорабиниҳои таҷрибаомӯзӣ мувофиқ мебошад.


Бинои нав ҳамчунин дорои ошхона бо 60 ҷой нишаст буда, дар оянда баҳри таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва корҳои таҳқиқоти илмии омӯзгорон хидмат хоҳад намуд.

Иброз гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни суханронияҳо таъкид менамоянд, ки «баҳри беҳтар намудани сифати таълиму тарбият бояд беҳтарин шароитро фароҳам оварем, то ҷавонони донишманду ватандӯстро тарбият намоем».


Таъкид карда шуд, ки мақсад аз сохта ба истифода додани бинои муосири таҷрибаомӯзӣ ин, пеш аз ҳама, татбиқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва ҷалби бештари ҷавонону донишҷӯён ба илмомӯзӣ ва ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи маърифати таҷрибаомӯзии донишҷӯёну мутахассисони оянда мебошад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан иншоот валангор буд ва дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва муосиргардонии соҳа бо иқдом ва ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иншоот навсозӣ ва дар он шароити мусоиду таҷҳизоти муосир барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён фароҳам оварда шудааст.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Январь 27, 2024 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад