Дар деҳаи Чиларчаи Ҷамоати деҳоти Саразми Панҷакент бинои нави бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 06.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Чиларчаи Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент бинои нави бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.
Бино бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкор Хайрулло Раҳимов бо харҷи беш аз 250 ҳазор сомонӣ тариқи ҳашар сохта шуда, аз панҷ ҳуҷраи барҳаво иборат аст ва ба беш аз 2200 нафар сокинони деҳа хизмат мерасонад.
Зимни ифтитоҳи бинои нав раиси шаҳр ба ташаббускорон ва сокинони деҳа барои ин иқдоми нек изҳори сипос намуда, аз ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат барои ҳифзи саломатии аҳолӣ ёдоварӣ шуд.
Сокинони деҳа омодагиашонро барои идомаи корҳои ободонӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






