Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мавзеъҳои хавфнок дар соҳили сойи Кӯлоб шинос шуд

Январь 5, 2024 13:01

ДУШАНБЕ, 05.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо бо мавзеҳои  хавфнок  дар соҳили сойи  Кӯлоб, воқеъ дар деҳаи Лағмони Ҷамоати деҳоти Кӯлоб шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Сойи  Кӯлоб аз Ҷамоати деҳоти Зиракӣ сарчашма гирифта, дар ноҳияи Восеъ ба дарёи Ёхсу мерезад. Дарозии иншоот 25 километр буда, аз ҳудуди шаҳри Кӯлоб бо дарозии 7,5 км гузашта, барои обёрӣ намудани заминҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Восеъ ва гузаронидани обҳои сою селпартоҳои Сангпар, Сойи Тебалай, Девонасой, Шураксой, сойи Шулулу ва сойи Ғарабдара хизмат мерасонад.

Бар асари боронгариҳои баҳору тирамоҳи  солҳои гузашта зиёда аз 5,5 км садҳои муҳофизатии соҳили он  аз ҳарду тараф хароб гаштааст. Дар ҳолати рахна шудани он эҳтимол дорад, ки ба аҳолӣ ва заминҳои кишоварзии ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб ва Зарбдор зарари калон расад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷалби диққати масъулин ба тоза нигоҳ доштани ҷӯю каналҳо таъкид дошт, ки тоза нигоҳ доштани ҷӯю заҳбур, канал ва роҳҳои дигари обгузар, мустаҳкам нигоҳ доштани соҳили рӯдхонаҳою кӯлҳо ва мустаҳкам намудани сарбандҳо шарти асосии эминӣ аз хатари сел мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Январь 5, 2024 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд