Дар деҳаи Шибанайи Ҷамоати деҳоти Чилчаҳи ноҳияи Темурмалик корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бомаром идома доранд

Январь 5, 2024 14:26

ДУШАНБЕ, 05.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Шибанайи Ҷамоати деҳоти Чилчаҳи ноҳияи Темурмалик шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Шибанайи Ҷамоати деҳоти Чилчаҳ идома дошта, аз ҳисоби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кашонидани 340 тахтасанг аз ноҳияи Ҳамадонӣ ва 5 тонна сӯзишворӣ барои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ 670,0 ҳазор сомонӣ ҷудо ва сарф шудааст.

Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода баҳри боз ҳам таҳким бахшидани   корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, истифодаи масолеҳи сохтмонии босифат, ташкили навбатдории шабонарӯзӣ ва сари вақт дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Январь 5, 2024 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид