Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар рушду нумӯи илмҳои табиию риёзӣ» ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 03.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳимми илмҳои риёзӣ ва таҳқиқи усулҳои муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар рушду нумӯи илмҳои табиию риёзӣ» бо иштироки олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи махсус, Академияи миллии илмҳои мамлакат конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар доданд.
Иброз гардид, ки бо таъйини ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат зарурати рушди устувори илмҳои табиӣ-риёзӣ ба амал омад. Вобаста ба ин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26 декабри соли 2019 солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардида, дар назди институтҳои соҳавӣ, кормандони Вазорати маориф ва илм, пажуҳишгоҳҳои илмӣ ва аҳли ҷомеаи мамлакат ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ ва истеҳсолии аҳолии мамлакат, хосса наврасону ҷавонон вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Дар ҳамоиш баробари баррасии маърузаҳо таъкид гардид, ки дар тамаддуни башарӣ саҳми чашмгири гузаштагони мо, тоҷикон дар рушди илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ бебаҳс буда, хушбахтона, имрӯзҳо низ олимони тоҷик бо кашфиёту ихтироот ва тарбияву парвариши кадрҳои илмӣ дар илми ҷаҳонӣ соҳиби эътибору эҳтиром ҳастанд.
Конфронс дар чаҳор бахш: “Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарғиб ва рушди соҳаи илму маориф”, “Фазои таълимӣ ва хусусияти илмӣ-методию методологии раванди инноватсионии таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ”, “Масъалаҳои муосири методикаи таълим дар таҳсилот”, “Масъалаи обшавии пиряхҳои Тоҷикистон ва таҳқиқи илмии он дар шароити тағйирёбии иқлим” доир шуда, дар он зиёда аз 89 маъруза бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шакли ҳузурӣ ва ғоибона (маҷозӣ) мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
АКС: Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






