Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар рушду нумӯи илмҳои табиию риёзӣ» ҳамоиш доир гардид

Январь 3, 2024 11:35

ДУШАНБЕ, 03.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳимми илмҳои риёзӣ ва таҳқиқи усулҳои муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар рушду нумӯи илмҳои табиию риёзӣ» бо иштироки олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи махсус, Академияи миллии илмҳои мамлакат конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии  Кӯлоб хабар доданд.

Иброз гардид, ки бо таъйини ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат зарурати рушди устувори  илмҳои табиӣ-риёзӣ ба амал омад. Вобаста ба ин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26 декабри соли 2019 солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардида, дар назди институтҳои соҳавӣ, кормандони Вазорати маориф ва илм, пажуҳишгоҳҳои илмӣ ва аҳли ҷомеаи мамлакат ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ ва истеҳсолии аҳолии мамлакат, хосса наврасону ҷавонон вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Дар ҳамоиш баробари баррасии маърузаҳо таъкид гардид, ки дар тамаддуни башарӣ саҳми чашмгири гузаштагони мо, тоҷикон дар рушди илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ бебаҳс буда, хушбахтона, имрӯзҳо низ олимони тоҷик бо кашфиёту ихтироот ва тарбияву парвариши кадрҳои илмӣ дар илми ҷаҳонӣ соҳиби эътибору эҳтиром ҳастанд.

Конфронс дар чаҳор бахш: “Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарғиб ва рушди соҳаи илму маориф”, “Фазои таълимӣ ва хусусияти илмӣ-методию методологии раванди инноватсионии таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ”, “Масъалаҳои муосири методикаи таълим дар таҳсилот”, “Масъалаи обшавии пиряхҳои Тоҷикистон ва таҳқиқи илмии он дар шароити тағйирёбии иқлим” доир шуда, дар он зиёда аз 89 маъруза бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шакли ҳузурӣ ва ғоибона (маҷозӣ) мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

АКС: Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Январь 3, 2024 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
Масоили густариши ҳамкории таълимӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд дар озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон намоиши ҷойи холии кор баргузор гардид
АЗ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲӢ ТО СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тавассути он масъалаи об ба самти калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор 231 синфхона барои 5544 хонанда дар як баст бунёд карда мешавад
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳӣ ва рушди саноат саҳми назаррас дорад
Президенти Тоҷикистон барои иҷрои босифати барномаи рушди фанҳои дақиқ дастур доданд
Дар Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тавассути рушди шаклҳои алтернативӣ зиёд мегардад