Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳ оид ба муайян намудани обҳои партов ташкил шуд
ДУШАНБЕ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар заминаи кафедраи иншооти гидротехникӣ ва ҳифзи захираҳои обии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ озмоишгоҳ оид ба муайян намудани обҳои партов таъсис ва бо маводу таҷҳизоти зарурӣ муҷҷаҳаз гардонида шуд, иттилоъ дод ба хабарнигорон ректори донишгоҳ Қудрат Давлатзода 30 январ зимни нишасти матбуотӣ.
Гуфта шуд, ки озмоишгоҳ дар раванди таълими донишҷӯён васеъ истифода шуда, дар он ба донишҷӯён ташхисҳои физикиву кимиёвӣ ва микробиологии об омӯзонида мешаванд.
Ҳамзамон соли 2023 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо корхонаву ширкатҳои ватанӣ ҳамкории судманд амалӣ намуда, барои кушодани филиали кафедраҳои донишгоҳ дар истеҳсолот, гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо дар дарсҳои озмоишӣ-амалӣ шартномаи тарафайн ба имзо расонид.
Соли 2023 дар иншооти муҳими стратегӣ- Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҶСК «Азот», Неругоҳи барқи обии «Варзоб» ва дигар корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва истеҳсолӣ филиалҳои кафедраҳои донишгоҳ ифтитоҳ гардиданд, ки дар татбиқи ҳадафҳои донишгоҳ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос саҳми муносиб мегузоранд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






