Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор гардид

Январь 3, 2024 09:19

ДУШАНБЕ, 03.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ ва масъулини воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба фаъолияти Шуро ва натиҷаҳои бадастовардаи Хадамоти гумрук дар соли 2023, тартиби рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо, муаррифии махзани санадҳои меъёрии ҳуқуқии «Гумрук» баррасӣ гардиданд.

Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода оид ба натиҷаҳои назаррасе, ки мақомоти гумрук дар соли гузашта ноил гардидааст, ибрози назар намуда, гуфт, ки новобаста аз вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон соли 2023 барои Хадамоти гумрук соли бобарор буд.

Таъкид шуд, ки мақомоти гумрук дар раванди содагардонии тиҷорат ва савдо нақши калидиро доро мебошад ва маҳз бо ҳамин мақсад фаъолияти худро дар самти содагардонии раванди барасмиятдарории гумрукӣ, электронӣ намудани фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасонии гумрукӣ равона намудааст. Бо ин мақсад дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024» қабул гардид, ки амалӣ мешавад.

Инчунин доир ба муаррифии махзани санадҳои ҳуқуқии «Гумрук» намояндаи Раёсати таъмини ҳуқуқӣ Матлуба Ҳакимова ибрози назар намуд. Ӯ гуфт, ки Портали махзани санадҳои ҳуқуқии «Гумрук» ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, кормандони мақомоти гумрук ва дигар шахсони манфиатдор дастрасии бемамониатро ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи гумрук фароҳам меорад. Инчунин ба иштирокдорони ҷаласа тартиби истифодабарӣ аз портал дар реҷаи воқеӣ муаррифӣ гардид.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо» ба таври марҳилавӣ ҷорӣ намудани рамзгузории электронии барои тамокуи коркардшуда, маҳсулоти саноатии ивазкунандаи тамоку ва маҳсулоти тамоку, маҳсулотии дорои никотин, моеъи дорои некотин, маҳсулот аз тамокуи гармкардашуда, сигорҳои
электронӣ, дастгоҳҳои интиқоли дуд тавассути мушаххаснамоии рақамӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор, ҳама намуди спирт ва нӯшокиҳои энергетикӣ то 1 июли соли 2024 муайян гардидааст.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 3, 2024 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид