Дар Душанбе аввалин Платформаи рақамии сайёҳии «Tour.tj» муаррифӣ шуд

Январь 18, 2024 13:38

ДУШАНБЕ, 18.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе аввалин Платформаи рақамии сайёҳии «Tour.tj» дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ширкатҳои сайёҳӣ, воситаҳои ахбори омма ва меҳмонон аз Русия, Беларус, Эрон ва Туркия иштирок намуданд.

Муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Зиёдулло Салимзода изҳор намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ аҳамияти махсус зоҳир намуда, дар ин замина бо мақсади тавсеаи раванди рақамикунонии иқтисодиёт, аз ҷумла дар бахши сайёҳӣ, ҷалби сармоя, муаррифии захираҳои сайёҳии мамлакат ба хориҷиён тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шудааст.

«Дар ин раванд аз ҷониби ширкати «Tour.tj» Платформаи сайёҳӣ таҳия шудааст, ки он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Ҳамзамон ширкатҳои сайёҳии ватанӣ аз ин платформа истифода намуда, барои рушди соҳа бо ширкати «Tour.tj» ҳамкорӣ менамоянд, зеро ин яке аз масъалаҳои рӯз ва супориши Пешвои миллат вобаста ба суръат бахшидани раванди рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ буда, ба рушди имконияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин истифодаи хизматрасонӣ ва ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳӣ мусоидат менамояд»,- илова намуд Зиёдулло Салимзода.


Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода тазаккур дод, ки бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ҳамасола аз буҷаи шаҳри Душанбе барои рушди соҳаи сайёҳӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо мешаванд.

«Ба ин васила мо тавонистем соли 2023 беш аз 19 % шумораи сайёҳонро дар шаҳри Душанбе афзоиш диҳем. Умед дорем, ки бо истифода аз платфорами «Tour.tj» имконияти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам бештар мегардад, зеро Тоҷикистон бино ба баҳогузории созмонҳои байналмилалӣ, ба сегонаи мамлакатҳои барои сайёҳӣ «бехатар» ворид гардидааст»,-гуфт Абдураҳмон Абдураҳмонзода.

Тавре Директори генералии «Tour.tj» дар Тоҷикистон Идибек Воҳидов иброз дошт, ширкати «Tour.tj» агрегатори ширкатҳои дохилии мамлакат мебошад, яъне он платформае аст, ки дар дохилаш ҳамаи ширкатҳои ватаниро муттаҳид намуда, дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.

«Мақсади асосии «Tour.tj» рушди соҳаи сайёҳӣ бо маҳорати баланд мебошад, то ҷаҳониён на танҳо зебоиву меҳмоннавозии Тоҷикистонро дарк намоянд, балки мавзеъҳои нодири ҷумҳуриро низ тамошо кунанд. Ғайр аз платформа «Tour.tj» дар телефонҳои мобилӣ замимаи махсус барои сайёҳон омода намудааст, ки ба он харитаи Тоҷикистон ворид гардида, ба таври онлайн ва оффлайн кор менамояд. Зеро бештари минтақаҳои Тоҷикистон аз кӯҳҳо иборат буда, дар баъзе мавзеъҳои кӯҳӣ мавҷҳои мобилӣ фаъол нестанд. Муштариёни мо метавонанд бе истифодаи интернет бо замима кор намоянд. Дар замима зеҳни сунъӣ васл шуда, харитаҳое, ки дар Яндекс ва Гугл нестанд, ба мизоҷон ба таври автоматӣ пешкаш мешаванд. Дар муддати 1-2 сол мо тамоми роҳҳоеро, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, ба ин замима ворид менамоем. Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон ин ягона ва аввалин барнома мебошад ва мо ният дорем бо дигар ширкатҳои давлатҳои ҳамсоя ҳамкорӣ намуда, ҷалби сайёҳонро ба Тоҷикистон бештар намоем», -изҳори умед намуд Идибек Воҳидов.

Яке аз таҳиягарони платформа, шарик ва арт-директори интегратори рақамии 5 UGLOV Александр Тихонов ба мо иттилоъ дод, ки ширкатҳои сайёҳӣ метавонанд хизматрасонияшонро тавассути портал ба мизоҷон пешкаш созанд. Истифодабарандагон метавонанд дархости сафарро бо шакли мувофиқ дар вебсайт дарёфт намоянд. Платформа аз чаҳор рукни асосӣ: осонии ҷустуҷӯ, шиносоӣ, интихоб ва фармоиш иборат мебошад. Барои ҳар яке аз ин нуқтаҳо интерфейсҳои мувофиқ таҳия шудаанд, ки барои гирифтани маълумот кумак мерасонанд», — иброз дошт мутахассис.

Дар платформа сайёҳ имкони на танҳо дарёфти ширкати сайёҳии эътимоднокро дорад, балки метавонад чиптаи ҳавопаймо харад ва суғурта ташкил намояд.

Ба гуфтаи директори ширкати IT-и MARSERO Сергей Клевсевич, ширкати онҳо барои омодасозии замимаи мобилии харитаҳои интерактивии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Tour.tj» ҳамкорӣ менамояд.

«Дар барнома зеҳни сунъӣ истифода мешавад, ки бо ёрии он хатсайрҳои беназири пиёдагардон ва тариқи мошин, ки қаблан дар дигар харитаҳои мобилӣ кашида нашуда буданд, илова шудаанд. Ин харита на танҳо барои сайёҳон, балки барои сокинони маҳаллӣ низ муфид хоҳад буд. Зеҳни сунъӣ ба корбарон масирҳои гуногуни сайёҳиро тавсия медиҳад, барои дарёфти ошхонаву тарабхона, мавзеъҳои таърихӣ, меҳмонхона ва дигар объектҳои зарурӣ кумак мерасонад»,-иттилоъ дод мусоҳиб.

Ҳар соҳибкоре, ки бо TOUR.tj шартномаи шарикӣ бастааст, метавонад ба харитаҳо маълумот дар бораи макони тиҷорат, тавсиф ва аксҳои муассисаҳояшро илова намояд. Ин боиси хеле зиёд шудани муштариён ва меҳмонон дар муассисаҳои шарик мегардад.

Сардори шуъбаи иҷозатномадиҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Латифӣ баён дошт, ки яке аз супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ- ин рақамикунонии босифати иқтисоди мамлакат буд.

«Соҳаи сайёҳӣ низ ба рақамикунонӣ ниёз дорад. Имрӯз ширкати TOUR.tj бо Портали муосири худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён беҳтару бештар муарифӣ намуда, ба пешбурди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон мусоидат менамояд»,-ибрози назар намуд мусоҳиб.

Бино ба андешаи созмондиҳандагони портал, ояндаи наздик барномаи мобилӣ метавонад бо ширкатҳои бузурги Яндекс ва Гугл рақобат намояд.

Хотиррасон менамоем, ки барои ҳамгироии низоми ягонаи фармоишидиҳии бастаҳои сайёҳии ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар ҷумҳурӣ маротибаи аввал Платформаи рақамии сайёҳӣ таҳия гардид.

Дар ҳамоиш таҳиягарон платформа пурра муаррифӣ шуда, субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ, бахусус ширкатҳои сайёҳӣ барои ҳамкорӣ дар истифодаи ин низом даъват гардиданд.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 18, 2024 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо мақсади рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва тақвияти корҳои ободонӣ ҷаласа доир шуд
Соҳили Сирдарё ба мавзеи истироҳатӣ табдил дода мешавад
Имрӯз нахустин хатсайри Душанбе-Тифлис ифтитоҳ гардид
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахти Тоҷикистон 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ ифтитоҳ мегардад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ярмарка-намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ иштирок намуд
Озмуни «Беҳтарин акси шаҳри Душанбе» оғоз шуд
«БЕҲТАРИН РОЛИКИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Бо мақсади тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳии пойтахт озмун оғоз ёфт
Дар Форуми STI имконияти сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ДЕҲОТ. «Қайнар» мавзеи таърихию фароғатии ноҳияи Восеъ маҳсуб мешавад
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти соҳаи сайёҳӣ дар Душанбе баргузор гардид