Дар Душанбе масъалаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия дар соҳаи сохтмон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 18.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо ҳайати техникии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ масъалаҳо доир ба иқлим, энергияи «сабз», сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия дар соҳаи сохтмонро баррасӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи меъморӣ.
Ҳамзамон зимни вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи асосҳои иқтисоди «сабз», амалӣ намудани технологияи муосири инноватсионӣ дар самти иқтисоди «сабз», ба инобат гирифтани таъсири тағйирёбии иқлим дар раванди тарҳрезии лоиҳаҳо ва бунёди иншооти сохтмонӣ, кам намудани партовҳои газҳои гулхонаӣ, омода намудани мутахассисон ва омӯзиши асосҳои сарфаҷӯйии энергия мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкории минбаъда дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди соҳа изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






