Дар Душанбе вобаста ба татбиқи лоиҳаи миллии Агентии Байналмилалии Неруи Атомӣ вохӯрӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 20.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази миллии ташхиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба татбиқи лоиҳаи миллии Агентии Байналмилалии Неруи Атомӣ (АБНА) TAD7003 «Таҳкими иқтидор оид ба мониторинги радионуклидҳо дар хӯрокворӣ, маводи ғизоӣ ва об» мулоқот доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хабар доданд.
Зимни баргузории мулоқот аз номи Агентии Байналмилалии Неруи Атомӣ (АБНА) ба сифати ёрдамчиёни ҳамоҳангсози миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Матин Ахмедов ва мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентӣ Олимҷон Азизов иштирок намуданд.
Зимни мулоқот бо роҳбарият ва мутахассисони марказ масъалаҳои марбут ба таҷҳизонидани озмоишгоҳ ва таҳкими иқтидори он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин лоиҳа аз соли 2018 инҷониб амалӣ мешавад. Асбоби баландтехнологӣ дастрас гардида, ҳамзамон озмоишгоҳи радиометрикӣ таъсис дода шуд, ки дар айни замон тамоми таҷҳизоти зарурии озмоишгоҳӣ дар он мавҷуд мебошад.
Барои иҷрои вазифаҳои таҳқиқоти радиометрикӣ дар маҳсулоти хӯрокворӣ тибқи талаботи стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла асбоби Гамма-спектрометри Nai (Tl) Scintillation Detector System ва спектрометри алфа-бета (liquid Scintillation Counting System) харидорӣ шуданд.
Гуфта мешавад, ки миқдори ифлоскунандаҳои химиявӣ ва радионуклидҳо дар ашёи хоми озуқаворӣ ва ғизо бояд назорат шавад. Феълан дар марказ фаъолияти тсезий-137 ва стронтсий-90 дар хӯрок ва ашёи хом, ки дар ҷумҳурӣ ворид мешаванд ё истеҳсол мегарданд, чен мешавад.
Тазаккур дода шуд, ки чунин ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла бо Агентии Байналмилалии Неруи Атомӣ бо дастгирии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Кумитаи амнияти озуқаворӣ ҷиҳати расидан ба вазифаҳои дар соҳаи таъмини амнияти маҳсулоти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда кумак мерасонад.
АКС: Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ








Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






