Дар Хатлон «Озмуни вилоятии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2023» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 26.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хатлон ҷамъбасти «Озмуни вилоятии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2023» бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.
Дар номинатсияи «Шаҳри беҳтарин» шаҳри Левакант сазовори ҷойи якум, шаҳри Кӯлоб соҳиби ҷойи дуюм ва шаҳри Норак соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамзамон дар номинатсияи «Ноҳияи беҳтарин» ноҳияи Данғара ҷойи якум, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷойи дуюм ва ноҳияи Ҷайҳун ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.
Таъкид гардид, ки ҳадафи озмуни вилоятӣ аз сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ободонӣ ва самаранок истифода бурдани замин, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадам, гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими соҳибистиқлолӣ, тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ иборат буд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ин озмунҳо 2,6 миллион нафар фаро гирифта шуда, 1570 деҳа, 23 ҷамоати шаҳрак, 132 ҷамоати деҳот аз 25 шаҳру ноҳия дар марҳилаи якуми озмун барои муайян намудани «Беҳтарин шаҳру ноҳия» иштирок намуданд.
Дар ҷамъбаст ғолибон бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст






