Дар Ҳиндустон 16 нафар бар асари ғарқ шудани киштӣ халок гардид
ДУШАНБЕ, 19.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи ғарқ шудани қаиқ дар кӯле дар иёлати Гуҷарот 16 нафар, аз ҷумла 14 хонандаи мактаб ҳалок шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзномаи The Hindu бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ хабар додааст.
Ҳодиса дар наздикии шаҳри Вадорада ба амал омадааст. Як гурӯҳ мактаббачагон дар кӯли Харни сайру гашт менамуданд. Дар вақти сайр қаиқ чаппа шудааст.
Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, ҳангоми рух додани ҳодиса дар қаиқ 34 нафар, аз ҷумла 27 кӯдак будааст. Дар ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагон фаъолият доранд. То шаб шумораи ҳалокшудагони тасдиқшудаи ин ҳодиса ба 16 нафар расид, ки 14 мактаббача ва 2 омӯзгор мебошанд. Қариб 10 хонанда наҷот дода шудааст.
Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди ва сарвазири иёлати Гуҷарот Бҳупендра Пател ба наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуданд. Ҳукуматҳои марказӣ ва минтақавӣ эълон намуданд, ки ба онҳо 600 ҳазор рупия (7,2 ҳазор доллар) ҷуброн пардохт мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






