Дар Испания низоми пӯшидани ниқоб ҷорӣ гардид

Январь 12, 2024 12:03

ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Испанияро мавҷи бемориҳои роҳи нафас фаро гирифтааст. Вазорати тандурустии кишвар тасмим гирифтааст, ки дар беморхонаҳо ва марказҳои тиббӣ низоми ниқобпӯшӣ ҷорӣ намояд, иттилоъ медиҳад агентии хабаргузории «Kazinform» бо истинод ба Euronews.

Вазорати тандурустии Испания аз 10 январ пӯшидани ниқобро дар беморхонаҳо ва марказҳои тиббӣ ҳатмӣ донист. Сабаб – афзоиши бемориҳои роҳи нафас, аз ҷумла зуком ва ковид мебошад.

Дар баробари ин сатҳи бистарӣ шудан дар беморхона хеле паст боқӣ мемонад. Аз 100 ҳазор бемор камтар аз 30 нафар дар беморхона бистарӣ мешаванд.

Ба ҷуз ин аксарият аз 17 минтақаи мухтори Испания ба ин ташаббуси вазорати тандурустии Испания зид баромаданд.

Тахмин меравад, ки низоми ниқобпӯшӣ дар беморхонаҳо ва марказҳои тиббӣ чораи муваққатӣ буда, пас аз авҷи эпидемия бекор мегардад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: stopfake.kz

Январь 12, 2024 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад