Дар иёлати Айоваи ИМА бар асари тирпаронӣ дар мактаб якчанд нафар зарар дидаанд

Январь 5, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 05.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи тирпароние, ки рӯзи панҷшанбе дар мактаби миёнаи шаҳри Перрии иёлати Айоваи ИМА ба амал омад, якчанд нафар зарар дидаанд. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии  «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус мақомоти маҳаллӣ хабар додаанд.

Тибқи гуфтаи полиси округи Даллас Адам Инфанте, дар айни замон барои аҳолӣ хатар вуҷуд надорад.

Бино ба хабарҳои қаблӣ, дар тирпаронӣ як нафар ҳалок ва ду тани дигар захмӣ шудаанд.

Рӯзи панҷшанбе рӯзи аввали таҳсил барои хонандагони ин муассиса пас аз таътили зимистона буд ва тирпаронӣ қабл аз оғози дарс ба амал омадааст, иттилоъ медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ. Дар пайи ин ҳодиса чанд ноҳияи ба ин мактаб наздик тадбирҳои эҳтиётӣ андешидаанд.

Перри — як шаҳраки дорои тақрибан 8 000 нафар аҳолӣ дар ҳавзаи Даллас мебошад, ки тақрибан дар километри 40 (ҳудуди километри 64)-уми шимолу ғарби Дес Мойн- пойтахти иёлати Айова ҷойгир аст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 5, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст