Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон масъалаи рафъи фаврии пайомадҳои офатҳои табиӣ дар соли 2024 баррасӣ гардид

Январь 9, 2024 18:19

ДУШАНБЕ, 09.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ барои соли 2023 ҷаласа баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин  кумита хабар медиҳад.

Гуфта шуд, ки соли 2023 кормандони Кумита тавонистанд сари вақт ба аҳолии зарардида ёрии ҳамаҷониба расонида, иқтидори техникии кумита ва сатҳи касбии кормандонро баланд бардоранд. Ҳамзамон дар ҷаласа тавсеа ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ таъкид гардид.

Гуфта шуд, ки ин натиҷаҳо тавассути кори фаъолона ба даст омаданд, ки дар он на танҳо кормандони кумита, балки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ низ иштирок доштанд. Бо шарофати вокуниши саривақтӣ ва ташкили ҳамкорӣ кумак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида сари вақт расонида шуд. Ҳамчунин бо истифода аз таҷҳизоти махсуси  кумита барои анҷом додани корҳои соҳилбандӣ маводи зарурӣ сари вақт ирсол гардид.

Дар ҷаласа иброз гардид, ки барои боз ҳам беҳтар намудани кор дар самти рафъи фаврии пайомадҳои офатҳои табиӣ дар соли 2024 бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат бояд ҳамкориро тақвият бахшид.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 9, 2024 18:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад