Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» корхонаи истеҳсоли лифт бунёд мешавад

Январь 16, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 16.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Минтақаи  озоди иқтисодии «Кӯлоб» корхонаи истеҳсоли лифт бунёд мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони беш аз 309 гектар таъсис дода шудааст. Дар айни замон дар ин минтақа 7 субъект сабти ном шудааст.

Корхонаи истеҳсоли филтрҳои ҳавоӣ ва равған барои мошинҳо аз ҷониби ҶДММ «Тоҷик алмос» ба истифода дода шуда, дар он 18 нафар бо кор таъмин гардиданд.

Бо ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан сармояи мустақими хориҷӣ маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» 7 шартнома ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ барои бунёди корхонаҳои саноатӣ ба имзо расонид.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 16, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид