Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе «Ҳафтаи ихтироъкории кӯдакон ва наврасон» баргузор мегардад

Январь 16, 2024 15:53

ДУШАНБЕ, 16.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 23 январи соли 2024 дар шаҳри Душанбе «Ҳафтаи ихтироъкорӣ ва навоварии кӯдакону наврасон» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе».

«Ҳафтаи ихтироъкорӣ ва навоварии кӯдакону наврасон» бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ба муносибати Рӯзи байналмилалии ихтироъкории кӯдакон, ки ҳамасола 17 январ таҷлил мегардад, доир мешавад.

«Ҳафтаи ихтироъкории кӯдакону наврасон» бо мақсади иҷрои ҳадафҳои барномаи «Бистсолаи омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2020-2040», ҷалби таваҷҷуҳи кӯдакону наврасон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, шиносоӣ бо навовариҳои илм ва истеҳсолот, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технологияҳои муосир, мусоидат дар рушди тафаккури техникӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули қобилияти эҷодиву зеҳнӣ доир мешавад.

Инчунин он ҷиҳати омодагии ҷиддии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ва барои татбиқи амалии дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба тақвияти корҳо дар самти дарёфт, ҳавасмандгардонӣ ва тарбияи истеъдодҳои нав дар бахшҳои ихтироъкориву навоварӣ эълон гардида,  нахустин  маротиба  дар ин сатҳ ташкилу баргузор мешавад.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»

Январь 16, 2024 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад