Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони биноҳои нав оғоз гардид
РӮДАКӢ, 23.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Султонобод сохтмони биноҳои филиалҳои 143-148-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳия оғоз гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Тибқи лоиҳа, биноҳои нав дар филиалҳои 143 ва 148 тибқи талаботи меъмориву сохтмонии муосир бунёд ёфта, бо тамоми шароити муосири таҳсил муҷаҳҳаз мешаванд.
Дар айни замон дар ин муассисаҳо мушкилоти нарасидани ҷойи нишаст мушоҳида мешавад. Ҳангоми сохта, ба истифода додани биноҳои нав мушкилии норасоии ҷойи нишаст дар филиалҳои 143-148-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 бартараф мегардад.
Чунин тадбири созандагӣ ҷиҳати шароити хуб фароҳам овардан ба донишандӯзии хонандагон дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҷамъомади тантанавӣ таҷлил карда шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид
Дар вазорату кумита ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон 35–солагии Истиқлоли давлатӣ ботантана таҷлил карда шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






