Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони биноҳои нав оғоз гардид

Январь 23, 2024 15:40

РӮДАКӢ, 23.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Султонобод сохтмони биноҳои филиалҳои  143-148-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳия оғоз гардид. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Тибқи лоиҳа, биноҳои нав дар филиалҳои 143 ва 148 тибқи талаботи меъмориву сохтмонии муосир бунёд ёфта, бо тамоми шароити муосири таҳсил муҷаҳҳаз мешаванд.

Дар айни замон дар ин муассисаҳо мушкилоти нарасидани ҷойи нишаст мушоҳида мешавад. Ҳангоми сохта, ба истифода додани биноҳои нав мушкилии норасоии ҷойи нишаст дар филиалҳои 143-148-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 бартараф мегардад.

Чунин тадбири созандагӣ ҷиҳати шароити хуб фароҳам овардан ба донишандӯзии хонандагон дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Январь 23, 2024 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд