Дар натиҷаи бориши зиёд дар Бразилия тақрибан 600 нафар бесарпаноҳ монданд
ДУШАНБЕ, 16.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Боронҳои рекордии рӯзҳои истироҳатии гузашта дар маҳалҳои шимолии Рио-де-Жанейро тақрибан 600 нафарро бесарпаноҳ гузоштанд. Дар ин хусус дар нишасти матбуотии рӯзи душанбе ҳокими иёлати Рио-де-Жанейро Клаудиу Кастру хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии ТАСС.
«Дар се маҳаллаи аҳолинишин қариб 600 нафар хонаҳои худро, ки бар асари обхезӣ хароб шуда буданд, аз даст доданд ва барқарор намудани онҳо ғайриимкон мебошад», — иброз намуд Клаудиу Кастру.
Тибқи иттилои ҳоким, барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ беш аз 2,4 ҳазор наҷотдиҳанда фаъолият дошта, зарардидагонро дар марказҳои муваққатии ҷойгиршавӣ бо ашёи мавриди ниёзи аввал таъмин намудаанд.
Тибқи маълумоти наҷотдиҳандагон, шумораи ҳалокшудагони офати табиӣ ба 12 нафар расида, 3 нафар бедарак ҳисобида мешавад ва ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.
Ҳавои ғайримуқаррарӣ нақшаҳои созмондиҳандагони карнавали машҳури ҷаҳонро низ халалдор намуд. Лигаи мактабҳои самбо дар Рио-де-Жанейро бо сабаби вазъи кунунӣ тамринҳои ин намоишро бекор намуд. Санаҳои нав ба таври иловагӣ эълон мешаванд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






