Дар натиҷаи тӯфони пурқувват дар ҷануби Бразилия беш аз 1 миллион нафар бе неруи барқ мондаанд

Январь 18, 2024 16:54

ДУШАНБЕ, 18.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷануби Бразилия дар натиҷаи ба амал омадани тӯфони пурқувват дар иёлати Рио-Гранди-ду-Сул беш аз як миллион нафар бе барқ ​​мондаанд. Дар ин хусус  хадамоти мудофиаи граждании минтақа рӯзи чаҳоршанбе дар вебсайташ хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«49 шаҳр зарар дидааст. Борон ҳамроҳ бо раъду барқ ​​ва шамоли сахт 1 миллиону 100 ҳазор нафарро аз неруи барқ ​​маҳрум намуд», — омадааст дар гузориш.

Тибқи иттилои мақомот, се шоҳроҳи федералӣ қисман зери об мондааст. Бар асари вайрон шудани сатҳи роҳ 7 роҳи минтақавӣ пурра баста шудааст. Корҳои барқарорсозӣ идома доранд.

Бинобар афзоиш ёфтани сарборӣ ба инфрасохтор ва ҳаҷми калони  корҳо мақомот ваъда додаанд, ки интиқоли неруи барқро дар минтақаҳои зарардида то рӯзи шанбеи оянда барқарор созанд.

Институти миллии обуҳавосанҷии Бразилия хабар медиҳад, ки ҳавои атмосферӣ ба самти шимол ҳаракат менамояд. То рӯзи ҷумъа тӯфон метавонад ба Рио-де-Жанейро бирасад, ки дар он ҷо боронҳои шадиди як ҳафта пеш хисороти зиёд расонидаанд. 9 ҳазор нафар аз манзили зист маҳрум ва 13 тан ҳалок шудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 18, 2024 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад