Дар ноҳияи Ҳамадонӣ 7 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси беш аз 21 ҷойи нави кор ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 13.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 7 коргоҳу корхонаи хурди саноатӣ бо таъсиси беш аз 21 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуд, ки коргоҳи сангу шағалбарорӣ, дару тирезаҳои пластикӣ ва коргоҳи хурди пахтатозакунӣ мебошанд.
Муовини Раиси ноҳияи Ҳамадонӣ оид ба соҳаи саноат Сайдакобир Бодомзода ба АМИТ «Ховар» гуфт, ки соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 285 миллиону 875,7 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 49 миллиону 769,6 ҳазор сомонӣ зиёд гардид. Ин 121,1 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар бахши хусусӣ 7,7 фоиз ва коргоҳу корхонаҳо 83,3 фоизро ташкил дод.
Ҳоло дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 76 коргоҳу корхонаи саноатӣ сабт шудааст, ки аз инҳо 66 корхона фаъолияти судманд дошта, 10 коргоҳу корхонаи дигар бо сабабҳои гуногун фаъолият нанамудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид






