Дар ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи беш аз 429 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
ДУШАНБЕ, 01.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба ҳадафи чаҳоруми стратегии мамлакат – рушди босуръати саноатикунонӣ дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ дар ёздаҳ моҳи соли равон ба маблағи 429 млн 180 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 162 млн сомонӣ зиёд буда, 160,6 фоизро дар бар мегирад. Дар ин хусус зимни баргузории иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иттилоъ дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор дорад. Маблағҳои умумии дар доираи татбиқи ин лоиҳаҳо дар ноҳия азхудшуда 1 млн 403 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ маҳсулоти умумии соҳаи кишоварзӣ ба 1 млрд 452 млн 556 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин рақам 135,8 фоизи ҳамин давраи соли 2022-ро ташкил медиҳад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд






