Дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони беморхонаи замонавӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 06.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои нави Беморхонаи марказӣ сохта мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Иншооти нав дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ сохта шуда, аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, ҳамчунин барои қабули беморон 8 шуъба ва 250 кат пешбинӣ шудааст.
Маблағгузори иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон — З» мебошад. Маблағи умумии иншооти сохташаванда қариб 30 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди бинои нави Беморхонаи марказии ноҳия ба сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳо, истифодаи меъёрҳои меъморӣ ва масолеҳи хушсифати сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки бунёду ба истифода додани беморхонаи наву муосир тадбири муҳим ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин иншоот барои қабул ва ба табобот фаро гирифтани беморон шароити мусоид фароҳам меорад.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ








Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд






