Дар ноҳияи Спитамен яхобмонии заминҳо идома дорад

Январь 21, 2024 11:35

ДУШАНБЕ, 21.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар заминҳои корхонаи кишоварзии БТК «ГРУПП»-и Федератсияи Русия дар ноҳияи Спитамен  яхобмонӣ бо маром идома дорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Ба назари мутахассисон, дар ин рӯзҳо кишоварзон бояд ​ ба яхобмонӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Яхобмонӣ тадбири муҳими агротехникӣ мебошад ва баъди шудгори заминҳо дар фасли сармо яхоб мондан боиси нобуд гаштани ҳашароти зараррасон мегардад.​

Ҳамчунин намнокии замин нигоҳ дошта шуда, баъди гузаронидани кишт зарурати обмонии зиёдатӣ бартараф мешавад. Ғайр аз ин дар давраи яхобмонӣ намаки замин паст шуда, боғу токзорро аз хунукзанӣ муҳофизат менамояд.​

Масъулин иттилоъ доданд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бояд ба масъалаи яхобмонӣ таваҷуҳи зарурӣ равона гардад. Олимони соҳаи кишоварзӣ чунин мешуморанд, ки аҳамияти яхобмонӣ аз он иборат аст, ки об  дар бехи дарахтон захира шуда,  ба ин восита касалиҳои хок ва ҳар гуна  ҳашарот нобуд  мешаванд.

Манфиати яхобмонӣ дар он ифода меёбад, ки давраи гулкунии дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом ва зардолу ба қафо партофта шуда, имконият медиҳад, ки дарахтон аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ эмин монанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 21, 2024 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид