Дар ноҳияи Спитамен яхобмонии заминҳо идома дорад
ДУШАНБЕ, 21.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар заминҳои корхонаи кишоварзии БТК «ГРУПП»-и Федератсияи Русия дар ноҳияи Спитамен яхобмонӣ бо маром идома дорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Ба назари мутахассисон, дар ин рӯзҳо кишоварзон бояд ба яхобмонӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Яхобмонӣ тадбири муҳими агротехникӣ мебошад ва баъди шудгори заминҳо дар фасли сармо яхоб мондан боиси нобуд гаштани ҳашароти зараррасон мегардад.
Ҳамчунин намнокии замин нигоҳ дошта шуда, баъди гузаронидани кишт зарурати обмонии зиёдатӣ бартараф мешавад. Ғайр аз ин дар давраи яхобмонӣ намаки замин паст шуда, боғу токзорро аз хунукзанӣ муҳофизат менамояд.
Масъулин иттилоъ доданд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бояд ба масъалаи яхобмонӣ таваҷуҳи зарурӣ равона гардад. Олимони соҳаи кишоварзӣ чунин мешуморанд, ки аҳамияти яхобмонӣ аз он иборат аст, ки об дар бехи дарахтон захира шуда, ба ин восита касалиҳои хок ва ҳар гуна ҳашарот нобуд мешаванд.
Манфиати яхобмонӣ дар он ифода меёбад, ки давраи гулкунии дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом ва зардолу ба қафо партофта шуда, имконият медиҳад, ки дарахтон аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ эмин монанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Намояндагони Тоҷикистон ва БОР лоиҳаи идоракунии обанбори «Баҳри Тоҷик»-ро баррасӣ намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд
Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор нақшаи истеҳсоли пилларо сад фоиз иҷро намуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ бо Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ баррасӣ гардид
Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Душанбе конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баргузор шуд
Рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва CIPE баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласа оид ба таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои СММ доир шуд






