Дар ноҳияи Темурмалик бунгоҳи тиббӣ ва муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд

Январь 5, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 05.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Темурмалик сафар намуда, дар деҳаи навбунёди Танобчии Болои Ҷамоати деҳоти Танобчӣ бинои бунгоҳи тиббиро мавриди истифода қарор дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Ин иншоот ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифта, ба минбаъд диққати аввалиндараҷа додан ба оммавигардонии тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар барои тандурустии сокинон дар ноҳия равона шудааст.

Иншоот дар маҷмуъ аз 400 метри мураббаъ иборат буда, 85,42 метри онро бунгоҳи тиббӣ бо биноҳои ёрирасон ташкил медиҳад.

Бунгоҳи тиббӣ дорои 5 утоқи корӣ бо фарогирии 7 ҷойи кор буда, тибқи талаботи меъморию шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. Дар атрофи бино зиёда аз 13 бех дарахти ороишии ҳамешасабз шинонда шудааст. Саҳни бино дар масоҳати 200 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, атрофи бино ба масофаи 82 метр панҷарабандӣ шудааст.

Ҳамзамон дар ин рӯз Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Темурмалик бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-ро мавриди истифода қарор дод.

Муассиса аз 2 ошёна, 10 синфхонаи таълимӣ ва  240 ҷойи нишаст  дар 1 баст иборат буда,  бо маблағгузории Бонки исломии рушд  ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Ин муассиса бо  синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, лабораторияҳои фанҳои физика ва химия, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва маркази гармидиҳии ягонаи буғӣ таъмин аст.

Сохтмони муассиса соли 2021 оғоз шуда, 45 коргари маҳаллӣ бо маоши хуб ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардид. Равшаннамоии бинои таълимӣ пурра таъмин гардида, бо оби нӯшокӣ низ таъмин мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Январь 5, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад