Дар ноҳияи Восеъ варзишгоҳ барои 20 ҳазор ҷойи нишаст сохта мешавад

Январь 20, 2024 11:14

ДУШАНБЕ, 20.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ сохтмони варзишгоҳ барои 20 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад. Дар ин хусус мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ Рустам Ҳисайнов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Варзишгоҳ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, лоиҳакаш ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» буда, пудратчии сохтмон ҶДММ «Ниагара» мебошад. Дар корҳои сохтмонӣ 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Дар айни замон 60 фоизи корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳ ба анҷом расида, атрофи он пурра панҷарабандӣ шудааст. Масоҳати умумии замин беш аз 10 гектарро ташкил медиҳад.

Рустам Ҳисайнов дар идомаи суҳбат афзуд, ки дар ду тарафи даромадгоҳи варзишгоҳ дар назар аст, ки пояи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ сохта шавад.

Ба муносибати 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Восеъ бунёди 400 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Соли 2023 177 иншоот пурра мавриди истифода қарор дода шуданд.

АКС:АМИТ «Ховар»

Январь 20, 2024 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид