Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти рушди соҳаи роҳу нақлиёт таъкид гардид

Январь 1, 2024 13:31

ДУШАНБЕ, 01.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ҳадафҳои асосии сиёсати давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ, таъмини ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ муайян шуданд.

Пешвои миллат дар бахши иқтисодӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои рушди нақлиёт ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими мамлакат ҷалб намуданд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро оид ба ин самт пешниҳоди хонандагон мегардонад.

Дар бораи корҳои иҷрошуда

Бо мақсади раҳо намудани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани он Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодиву молиявӣ тамоми захираву имкониятро ҷалб намуд.

***

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардид.

***

Дар 7 соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар пойтахти мамлакат 82 километр роҳҳо ба маблағи 2 миллиарду 235 миллион сомонӣ навсозӣ шуданд.

***

Танҳо дар соли 2023 дар пойтахти мамлакат 16 километр роҳҳои мошингард бо арзиши 700 миллион сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.

***

Солҳои охир сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои маҳаллӣ вусъати тоза гирифта, танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ба маблағи зиёда аз 300 миллион сомонӣ қариб 1000 километр роҳҳои маҳаллӣ таҷдид гардида, бунёду навсозии 41 пул ба анҷом расидааст.

Дар бораи корҳое, ки иҷро мешаванд

Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ амалӣ мешаванд.

***

Ҳоло лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод ба маблағи 3,3 миллиард сомонӣ ва бунёди пули калонтарин дар мамлакат бо дарозии 920 метр ба маблағи 625 миллион сомонӣ дар водии Рашт амалӣ мегарданд.

***

Инчунин татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои Бекобод – Деҳмой, Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз ва Конибодом – Кучкак (52 километр) 635 миллион сомонӣ дар вилояти Суғд, Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара (69 километр) 672 миллион сомонӣ, Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт (59 километр) 740 миллион сомонӣ дар вилояти Хатлон идома дорад.

***

Ҳамзамон бо ин, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷдиду барқарорсозии роҳи мошингарди Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр) бо сохтмони ду нақб бо дарозии 5,2 километр ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ, сохтмони ду пул бо дарозии 283 метр аз болои дарёҳои Ғунд ва Шорфдара, 4,5 километр роҳ ва долонҳои зидди тарма (550 метр) ба маблағи 342 миллион сомонӣ идома дорад.

***

Бунёди роҳҳои Гулистон – Кӯлоб (35 километр) 745 миллион сомонӣ, Данғара – Гулистон (49 километр) 1 миллиарду 314 миллион сомонӣ, Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ (137 километр – марҳалаи якум) 449 миллион сомонӣ ва марҳалаҳои боқимонда ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ дар давраи оғозшавӣ қарор доранд.

Дар бораи корҳое, ки иҷро хоҳанд шуд

Дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо, инчунин Тоҷикистон – Чин – Покистон истифода хоҳанд шуд.

***

Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ якчанд лоиҳаҳои афзалиятноки бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро лоиҳакашӣ ва барои ҷалби сармоя пешниҳод намояд.

***

Роҳҳои Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон (235 километр), аз Варшез то гузаргоҳи Кулма – Қаросу (300 километр), Бохтар – Ҷалолиддини Балхӣ – Қубодиён – Шаҳритус – Айвоҷ – сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон (170 километр), Хуҷанд – Конибодом (57 километр), Хуҷанд – Ашт (122 километр) ва Балҷувон – Сари Хосор (58 километр) аз ҷумлаи ҳамин лоиҳаҳо мебошанд.

Дар се соли оянда дар шаҳри Душанбе 40 километр роҳҳои мошингард бо 7 эстакада бо арзиши умумии зиёда аз 3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

***

Мо тасмим гирифтаем, ки бо амалисозии ҳадафҳои муайянкардаамон дар панҷ – шаш соли оянда ҳамаи роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мамлакатро ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонем.

***

Яъне бунёди роҳҳои муосир дар ояндаи наздик ба мо имкон медиҳад, ки ба ҳадафи стратегиамон – ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ноил шуда, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии халқамонро таъмин намоем.

Дар бораи он чӣ, ки муҳим аст

Дар баробари сохта, ба истифода додани роҳҳои мошингард, тартиби истифодаи самаранок ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои бунёдгардида яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

***

Вобаста ба ин, ҷорӣ намудани механизми назорати рақамии ҳаракати нақлиёти гаронвазн хеле муҳим аст.

***

Илова бар ин, барои пурра ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат бунёди марказҳои логистикӣ, тақсимоти яклухт ва афзоиш додани шумораи нақлиёти боркаш, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти яхдондор дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон муҳим мебошад.

Дар бораи дастуру супоришҳои додашуда

Вазорати нақлиёт ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор ҳастанд, ки минбаъд низ ҷиҳати ҷалби сармоя ва самаранок амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла лоиҳаи шабакаи ягонаи назорати рақамии ченкунии вазни нақлиёти боркаш тадбирҳои ҳатмӣ андешанд.

***

Бар замми ин, Вазорати нақлиёт ва Хадамоти гумрукро зарур аст, ки ҷиҳати васеъ намудани гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ, ташкили «долонҳои сабз», бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва мувофиқи стандартҳои муосири байналмилалӣ бунёд намудани терминалҳои наздисарҳадӣ чораҷӯйӣ намоянд.

***

Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати такмили стандартҳои экологиву иҷтимоии таҳияи лоиҳаҳои бунёду навсозӣ ва истифодаи роҳҳо бо мақсади мутобиқ намудани онҳо ба принсипҳои иқтисоди «сабз», кабудизоркунии шафати роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

***

Илова бар ин, зарур аст, ки ҷиҳати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ намудани садамаҳои нақлиётӣ, ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон, баланд бардоштани маданияти ронандагӣ ва тоза нигоҳ доштани шафати роҳҳо тадбирҳои муассир андешида шаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»

Январь 1, 2024 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «ACIBADEM» ифтитоҳ гардид