Дар Сан-Франсиско дар натиҷаи тирпаронӣ як нафар ҳалок шуд
ДУШАНБЕ, 19.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари тирпаронӣ дар Сан-Франсиско (иёлати Калифорния) як нафар ҳалок ва чаҳор нафар маҷруҳ шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус бахши маҳаллии ширкати телевизионии ABC бо истинод ба пулиси шаҳр хабар додааст.
Кормандони мақомоти интизомӣ ба даъват дар бораи тирпаронӣ дар буриши ду кӯча дар маҳаллаи Тендерлойни шаҳр вокуниш нишон дода, зуд омаданд. Дар он ҷо чаҳор мард ва як зани тирхӯрдаро пайдо намуданд. Ҳамаи панҷ нафар дар беморхона бистарӣ шуданд ва яке аз онҳо дар беморхона фавтид.
Полис дар бораи боздошти гумонбар ва шахсияти ӯ ҳанӯз хабар надодааст, хабар медиҳад ABC.
Дар робита ба ин ҳодиса тафтиш оғоз шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






