Дар шаҳри Бохтар тақсимоти таҷҳизоти таълимию технологӣ ба 80 муассисаи таълимӣ баргузор гардид

Январь 20, 2024 09:07

ДУШАНБЕ, 20.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таълимии рақами 16-и шаҳри Бохтар намоиш ва оғози тақсимоти таҷҳизоти таълимию технологӣ ба 80 муассисаи таълимии лоиҳавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Таъкид гардид, ки дар доираи сиёсати дарҳои кушод ва ҳамкории зичи Тоҷикистон бо шарикони рушд ҷиҳати беҳтар шудани шароити таълиму тарбия корҳои зиёду нафъовар анҷом дода мешаванд. Бахусус, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ки бо Вазорати маориф ва илм, инчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон амалӣ шудааст, ба 80 муассисаи таълимӣ кумакҳои гуногун, ба монанди компютер, тахтаи электронӣ, принтер ва дигар ҷиҳози хониш расонида мешаванд.

Лоиҳаи «Мактабҳои 2030» дар чанд марҳила амалӣ шуда, ба муассисаҳои таълимӣ кумаки зиёд мерасонад. Дар муассисаҳои лоиҳавӣ касбияти омӯзгорон ва шароити таълим беҳтар мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Январь 20, 2024 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд