Дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум ва захиранамоии маводи озуқаворӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва саноат доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.
Таъкид шуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд сол инҷониб ҳар ҳафта дар шаҳрҳои саноатӣ ташкил мешавад, то ин ки нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба мардум дастрас бошад.
Дар ярмарка ба сокинони шаҳри Хуҷанд маҳсулот бо нархи аз бозор арзонтар пешкаш шуд. Масалан, нархи як кило гӯшти гов 50 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 60 сомонӣ, як кило моҳӣ 38 сомонӣ, пиёз аз 1 сомонию 80 дирам, сабзӣ 1 сомонию 50 дирам, картошка 3 сомонию 80 дирам арзиш дошт. Як халтаи орди 50-килоиро бо арзиши 250 сомонӣ мефурӯхтанд. 10 кило орд 45 сомонӣ арзиш дошт.
Мардум аз ин фаровонии ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ изҳори хушнудӣ ва ба ташкилкунандагони он арзи сипос намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






