Дар шаҳри Ҳисор бо намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон масъалаҳои рушди футбол баррасӣ гардиданд

Январь 11, 2024 11:26

ҲИСОР, 11.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор бо намояндагони комиссияи литсензиякунонии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳайати ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, директори генералии Лигаи миллии футболи Тоҷикистон, директори иншооти варзишии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва намояндаи телевизиони «Варзиш» доир шуд, хабар додааст котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои протоколии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба татбиқи Барномаи рушди футбол дар мамлакат, дастгирии молиявии Клуби футболи «Шодмон» -и шаҳри Ҳисор, таъмиру тармим ва корҳои ободонӣ ҷиҳати омода намудани варзишгоҳи «Ҷавонӣ» -и шаҳр барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба рушди футбол дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд.

Аз дастгириҳои пайвастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, фаъолияти бозигарони дастаи «Шодмон»  дар соли сипаришудаи 2023, инчунин хизмати сармуррабии даста Рустам Хоҷаев, ки ба дастаи «Хуҷанд»-и Лигаи олии мамлакат даъват шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, аз оғоз гардидани таъмиру тармими варзишгоҳи «Ҷавонӣ» ва ҷудо гардидани маблағи зарурӣ бо ин мақсад хабар дод.

Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки дастаи «Шодмон»  аз ҷиҳати молиявӣ мушкилӣ надорад ва аллакай барои пардохти маоши роҳбарияти даста ва бозингарон дар соли 2024 нақшаи хароҷотӣ таҳия шуда, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва бо кумаку дастгирии соҳибкорону ҳаводорони даста маблағи зарурӣ ҷудо ва дастрас гардидааст. Ҳамчунин баъди ҳар ғалабаи «Шодмон»  ба бозингарон ҷиҳати ҳавасмандӣ маблағҳои пулӣ туҳфа мешаванд.

Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон баъди боздид  аз варзишгоҳи «Ҷавонӣ» барои ба талаботи бозиҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани варзишгоҳ, аз қабили сабзазор намудани майдон, насби таҷҳизоту дастгоҳҳои зарурӣ, бахусус табло ва чароғҳои равшанидиҳандаи иловагӣ, ба тартиб овардани нишастгоҳ ва утоқҳои кориву хизматрасонии иловагии иҷтимоӣ ба масъулин тавсияҳои судманд доданд.

Мавриди тазаккур аст, ки баҳри амалӣ гардидани  “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” бо дастгирии  Раиси шаҳри Ҳисор дастаи «Шодмон» -и шаҳри Ҳисор моҳи декабри соли 2022 аз нав эҳё шуда, дар муддати кӯтоҳ ба Лигаи якуми мамлакат роҳхат гирифт.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Январь 11, 2024 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад