Дар шаҳри Ҳисор раванди ислоҳоти кишоварзӣ бо иштироки олимони соҳа баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Раванди ислоҳоти кишоварзӣ ва ноилшавӣ ба афзалияти миллӣ дар рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор»- таҳти чунин унвон дар шаҳри Ҳисор машварати омӯзишӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Машварат дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бозомӯзии мутахассисони соҳаи кишоварзии ҷамоатҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ гузаронида шуда, дар он олимону мутахассисони варзидаи соҳаи кишоварзии мамлакат иштирок намуданд.
Зимни машварат олимон оид ба технологияи бунёди боғу токзор ва лимӯхонаҳои замонавӣ, парвариш, башаклдарорӣ ва аҳамияти иқтисодии парвариши он, татбиқи принсипи муборизаи маҷмуавӣ бар зидди ҳашароти зараррасон ва дигар тадбирҳои агротехникӣ, кам намудани таъсири манфии он ба иқлим, ҳолати парандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, моҳипарварӣ, бордоркунии сунъӣ ва роҳҳои иҷро, технологияи парвариши хӯроки чорво ва қоидаҳои захираи он маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Ҳамчунин дар машварат муколамаи озод баргузор гардида, иштирокдорон оид ба дастоварду мушкилот дар раванди фаъолият табодули назар намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор










Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






