Дар шаҳри Ҳисор сохтмони бинои мактаби замонавии мусиқӣ оғоз шуд

Январь 4, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 04.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бинои нави мактаби мусиқӣ бунёд мегардад. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки ба сохтмони бинои нави мактаби мусиқӣ оғози расмӣ бахшида шуд.

Иншоот ҷашнӣ буда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба 35-солагии

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд мешавад.

Тибқи лоиҳа, бинои мактаби мусиқӣ, ки аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Мақсуд-2019» сохта мешавад, аз се ошёна, 16 синфхона, толори маҷлисгоҳ ва дигар утоқҳои зарурӣ иборат мебошад. Мактаби нави мусиқӣ ба кӯдакону наврасон имконият медиҳад, ки дар синфҳо навохтани асбоби гуногуни мусиқӣ, ба мисли фортепиано, скрипка, асбоби халқӣ ва касбии нафасӣ, торӣ ва овозхонию санъати тасвириро аз худ намуда, дар маҳфилҳои хореографӣ ва драмавӣ ҳунару истеъдодашонро сайқал диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки Мактаби бачагонаи мусиқии ба номи Саид Ҳамроев дар шаҳри Ҳисор соли 1949 таъсис ёфта, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Муассиса дар тавозуни бахши фарҳанги шаҳр буда, ҳоло дар он даҳ маҳфил амал менамоянд. 34 устодони соҳа ба шогирдон асосҳои назариявию амалии санъати мусиқиро дар созҳои миллии ғижжак, доира, рубобҳои қашқарӣ, прима ва бадахшонӣ, дутор ва ғайра таълим медиҳанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Январь 4, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд