Дар шаҳри Кӯлоб ба оилаҳои аз садамаи нақлиётӣ зарардида манзили истиқоматӣ дода шуд

Январь 5, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 05.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб манзилҳои истиқоматӣ барои оилаҳои аз садамаи нақлиётӣ зарардидаро ба истифода дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Дар маҳаллаи Дӯстии шаҳри Кӯлоб барои 4 оилае, ки бинобар садамаи нақлиётии дар шаҳр рухдода зарар дида буданд, аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи Бозори Сомониёни шаҳр тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаҳои истиқоматӣ сохта шуданд.

Хонаҳо бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (1 хона), шаҳри Кӯлоб (1 хона), масҷидҳои ҷомеъ (1 хона) ва Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб (1 хона) сохта шудаанд.

Манзилҳои истиқоматии сохташуда ба оилаи Сафармад Ёров, оилаи  Ҷумахон  Ёров, оилаи   Шамсулло Ёров ва оилаи Қурбонбӣ Ҷононова супорида шуданд. Хонаҳо аз 3 ҳуҷра ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошанд. Майдони умумии манзилҳои истиқоматӣ дар масоҳати 0,04 гектар сохта шуда, масоҳати умумии сохтмони онҳо 71,3 м2-ро ташкил медиҳад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар садамаи нақлиётие, ки шоми 6 августи соли 2023 дар назди бозори «Сомониён»-и шаҳри Кӯлоб ба вуқуъ пайваст, 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин 11 нафари дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуда буданд.

Зимни суҳбат бо сокинони зарардида Сарвазири мамлакат иброз дошт, ки ҳеҷ гоҳ руҳафтода набошанд, зеро давлату ҳукумат ҳамеша дар паҳлуи шаҳрвандонаш ва ғамхори онҳо мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ба бартарафсозии оқибатҳои садамаи нақлиётӣ ва сохтмони хонаҳои истиқоматӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхорӣ зоҳир гардида, ҷараёни корҳои бунёдкориву ободонӣ зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дошт.

Аз ин амалҳои башардӯстонаи Президенти Тоҷикистон сокинони зарардида изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати дастгирӣ ва расонидани кумакҳои инсондӯстона ба Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

 

Январь 5, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид