Дар Шаҳринав оид ба раванди ислоҳоти кишоварзӣ ва рушди низоми агроозуқаворӣ машварат доир гардид

Январь 18, 2024 15:39

ШАҲРИНАВ, 18.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав барои роҳбарону мутахассисони хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар мавзуи «Раванди ислоҳоти кишоварзӣ ва ноилшавӣ ба афзалияти миллӣ дар рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор» машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Дар машварат масъулони Вазорати кишоварзӣ, олимону мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар мавзуъҳои «Технологияи парвариши зироати сабзавотӣ ва картошкаи барвақтӣ дар заминҳои кушод ва гармхонаҳои доимӣ», «Технологияи бунёди боғу токзор ва лимӯхонаҳои замонавӣ, парвариш, башаклдарорӣ ва аҳамияти иқтисодии парвариши онҳо», «Татбиқи принсипи муборизаи маҷмуавӣ бар зидди ҳашароти зараррасон ва дигар тадбирҳои агротехникӣ ва кам намудани таъсири манфии он ба иқлим», «Технологияи муосири парвариши чорвои гӯштӣ, ширдеҳ, майдаи шохдор. Нигоҳдорӣ, истифода ва беҳдошти устувории ҳолати чарогоҳҳо»  маъруза намуданд.

Мутахассисони идораи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилоту идораҳои гуногуни соҳавӣ аз ин машварати омӯзишӣ дониши назариявии соҳавӣ ва  таҷрибаи амалӣ гирифтанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Январь 18, 2024 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад