Дар шимолу ғарби Эрон баъди тармафароӣ ҷасади се кӯҳнавард пайдо гардид
ДУШАНБЕ, 18.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Наҷотдиҳандагон ҷасади се кӯҳнавардеро, ки баъди тармафароӣ дар кӯҳҳои вилояти Озарбойҷони Ғарбӣ 12 январ бедарак шуда буданд, пайдо намуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус роҳбари кумитаи ҷустуҷӯ ва наҷоти Федератсияи кӯҳнавардии Эрон Ҳамид Мосаидиён иттилоъ додааст.
«Аввал, соати 10-и субҳ, чӯбдасти сайёҳии яке аз кӯҳнавардон пайдо ва ҷасади яке аз онҳо мушоҳида шуд. Баъдан, пас аз идомаи амалиёти ҷустуҷӯӣ ҳамаи се нафар пайдо шуд», — истинод овардааст суханони Ҳамид Мосаидиёнро ISNA.
12 январ як гурӯҳи панҷнафараи кӯҳнавардҳо бинобар фаромадани тарма дар кӯҳистони наздикии шаҳри Ошновиё дар вилояти Озарбойҷони Ғарбӣ нопадид шуданд. Ду нафари онҳо пайдо ва ба беморхона интиқол дода шуданд. 14 январ Созмони Ҳилоли Аҳмари Эрон чанд гурӯҳро ба ҷустуҷӯи кӯҳнавардоне, ки дар зери барф монда буданд, фиристод.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






