Дар соли хониши 2023-2024 беш аз 9 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба муассисаҳои олии Русия қабул гардиданд

Январь 31, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 31.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли хониши соли 2023-2024 9567 нафар аз Тоҷикистон дар  муассисаҳои олии Русия ба сифати донишҷӯ қабул гардиданд. Дар ин хусус дар мулоқоти намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия хабар дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.

Зимни суҳбат мавзуъҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илму маориф, фарҳангу варзиш, инчунин шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии Русия, тақвияти ҳамкорӣ байни мактабҳои олии ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо роҷеъ ба имкони зиёд намудани бурсияҳо дар донишгоҳҳои Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон намояндагони Сафорат барои ташкил ва баргузории озмуни  «Донишҷӯи сол — 2023» байни донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия таҳсил менамоянд, инчунин дастгирии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия изҳори сипос намуданд.

Зимни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола тибқи бурсияи ҷудошуда аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Русия, шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар риштаи бакалавриат ва магистратура ба донишгоҳҳои Русия қабул мешаванд. Шумораи донишҷӯён ва шунавандагон дар донишгоҳҳои мухталифи Русия, ба монанди Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов, Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон, Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, Донишгоҳи давлатии Пенза, Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Георгий Плеханов ва ғайраҳо зиёд мушоҳида мешавад.

Намояндагони Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия ҷиҳати тақвият додани ҳамкорӣ дар баргузории ҳар гуна чорабиниҳо дар самти сиёсати дастгирии ҷавонон, доир намудани барномаҳои фарҳангию варзишӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Дар маҷмуъ 28 728 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси донишҷӯ дар Федератсияи Русия таҳсил менамоянд, ки нисбат ба соли 2022   550 нафар зиёд мебошад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Январь 31, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд