Дар Суғд бинои иловагии Маркази саратоншиносӣ сохта мешавад

Январь 16, 2024 11:10

ДУШАНБЕ, 16.01.2024   /. АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд бо сохтмони бинои иловагии  Маркази саратоншиносӣ дар вилоят шинос гардид. Ин иншоот дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои созандагию  ободонӣ  ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 6 ошёна иборат аст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Бинои нав бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Вилояти Суғд сохта шуда, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилоят мебошад. Корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, барои босифат ва сари вақт иҷро намудани корҳо сохтмончиён муваззаф гардидаанд. Маркази саратоншиносӣ барои 150 кат бунёд гардида, дар он шуъбаҳои эҳё ва ҷарроҳӣ ҷойгир мешаванд.

Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ба сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд хизмат мерасонад. Беморхона дорои шуъбаҳои эҳё, муолиҷа, ҷарроҳӣ, муолиҷаи кимиёвӣ, табобати нурафканӣ буда, барои қабул, ташхису муоина ва пешгирии беморӣ мутахассисони баландихтисос, ки мунтазам дар давлатҳои пешрафта таҷриба меомӯзанд, фаъолият доранд.

Ба иттилои масъулин, саратоншинос ва мутахассиси соҳа Баҳром Ахмедов, ки айни ҳол дар Русия фаъолият дорад, тасмим гирифтааст, ки аз ҳисоби худаш якчанд дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ  дастрас гардонад. Раиси вилоят ба иқдоми Баҳром Ахмедов баҳои баланд дода, ҷиҳати иҷрои саривақтии корҳои сохтмонӣ ба масъулон дастуру суппоришҳои мушаххас дод.

Раиси вилоят ҳамзамон дар Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд бо лоиҳаи бинои нави марказ шинос шуд. Бинои иловагӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шуда, аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат аст.

АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Январь 16, 2024 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид