Дар Суғд масъалаи истифода аз панелҳои офтобӣ барои корхонаҳои саноатиро баррасӣ намуданд

Январь 27, 2024 15:27

ДУШАНБЕ, 27.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи ширкати «Стейт инвестмент групп компани» Иля-Ванг Тинг Дан масъалаи татбиқи  ҳамкорӣ ва воридсозии таҷҳизоти муосир, истеҳсоли энергияи «сабз» бо истифода аз панелҳои офтобӣ барои корхонаҳои саноатӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Раиси вилоят иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии мамлакат ҳадафи стратегӣ эълон шудааст. Бо назардошти ин ҷиҳати бунёди корхонаҳои нави саноатӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, ҳамасола садҳо корхонаҳои нав сохта мешаванд. Дар айни замон дар вилоят беш аз 1100 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, талаботи корхонаҳо ба неруи барқ сол аз сол зиёд мегардад.

Бо назардошти ин воридсозии таҷҳизоти замонавӣ ва муосир имкон медиҳад, ки энергияи «сабз» истеҳсол ва истифодаи сарфакоронаи неруи барқ таъмин гардад.

Намояндаи ширкати «Стейт инвестмент групп компани» Иля-Ванг Тинг Дан доир ба хизматрасонии ширкат маълумот дода, омодагии ширкатро барои амалӣ намудани ҳамкорӣ дар самти истифодаи панелҳои офтобӣ иброз намуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 27, 2024 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст