Дар Тоҷикистон хати интиқоли барқи баландшиддати 500 – киловолтаи «Роғун – Сайҳун» бунёд мегардад

Январь 25, 2024 18:38

ДУШАНБЕ, 25.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон хати интиқоли барқи баландшиддати 500-киловолтаи «Роғун – Сайҳун» бунёд мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 январ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ҷиҳати ҷалби маблағҳо барои таҳияи асосноккунии техникиву иқтисодии бунёди хати интиқоли барқи баландшиддати 500 – киловолтаи «Роғун – Сайҳун» ва сохтмони зеристгоҳи барқии 500 – киловолтаи «Сайҳун» дар вилояти Суғд  дастур дода, таъкид намуданд, ки дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  таъкид гардида буд, ки соли 2025 бояд агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шавад. Вобаста ба ин таъкид шуд, ки Сарвазири мамлакат, Шурои нозирони Ҷамъияти саҳомии «Неругоҳи барқи обии Роғун», роҳбарону муҳандисони ширкатҳои фармоишгару пудратчӣ ва ҳамаи бунёдкорони неругоҳи «Роғун»-ро зарур аст, ки корҳои сохтмониро суръат бахшанд.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида, баланд бардоштани сатҳи сарбанд, дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо риояи стандартҳои байналмилалӣ ба истифода додани агрегати навбатӣ вазифаи муҳимтарин дар ин марҳилаи сохтмон мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 25, 2024 18:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад