ДАР ТОҶИКИСТОН ИСТЕҲСОЛИ АСАЛ МЕАФЗОЯД. Сарвари давлат дастур доданд, ки истеҳсоли он то 14 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад

Январь 8, 2024 11:49

ДУШАНБЕ, 08.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳҳои январ — ноябри соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон 4552, 7 тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022 3, 1 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар 11 моҳи соли 2023 истеҳсоли асал дар хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 1556, 0 тонна, Хатлон 1144, 2 тонна, ВМКБ 58, 2 тонна ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1794, 3 тоннаро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ корҳои зиёди назаррас анҷом дода шуданд. Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» ва дар асоси он якчанд қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардиданд, ки фаъолияти соҳаро ба танзим дароварда, ба ҳалли саривақтии масъалаҳои мавҷудаи он мусоидат менамоянд. Ҳамзамон бо ин, чор барномаи давлатии рушди соҳа қабул гардид, ки ба пешрафти занбӯриасалпарварӣ дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат такони ҷиддӣ бахшид.

Барои амалисозии барномаҳои мазкур аз буҷети давлат зиёда аз 10 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуд. Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои рушди соҳа шумораи оилаҳои занбӯри асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон соли 2022 ба 264 ҳазор ва истеҳсоли асал ба 4,6 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991 шумораи оилаҳои занбӯри асал 4,3 баробар, истеҳсоли асал 7,7 баробар ва маҳсулнокии оилаҳо 1,8 баробар зиёд гардид.

Ҳамзамон бо ин, рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуда, танҳо аз ҳисоби ин соҳа зиёда аз 10 ҳазор нафар сокинони мамлакат бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд ва сатҳи зиндагии худро беҳтар сохтанд.

Дар доираи татбиқи ин барномаҳо ҳазорҳо модарзанбӯри зотӣ ва оилаҳои занбӯри асал бо тамоми таҷҳизот, доруворӣ ва хӯрокӣ ворид гардида, барои беҳтар намудани зоти занбӯри асали дар мамлакат парваришёбанда ва сермаҳсул гардонидани оилаҳои занбӯри асал ба занбӯрпарварони касбӣ дастрас гардид.

Барои тайёр намудани мутахассисони соҳа дар факултаи зооинженерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бахши занбӯриасалпарварӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол онро 25 нафар хатм менамоянд. Инчунин, пойгоҳи моддиву техникии Корхонаи воҳиди давлатии занбӯриасалпарварии «Асали Тоҷикистон» тақвият бахшида, дар мамлакат 5 корхонаи коркарди асал таъсис дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки 20 июни соли 2023 зимни суханронӣ дар семинар-машварати занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияи Ховалинг Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки бо дарназардошти шароиту имконияти Тоҷикистон ин нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд.

Вобаста ба ин, Вазорати кишоварзӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки иҷрои саривақтӣ ва пурраи чорабиниҳои барномаи соҳавии қабулгардида барои солҳои 2023 – 2027-ро таъмин намуда, бо дарназардошти имкониятҳои фаровони рушди соҳа ҷиҳати ба таври назаррас афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли асал тадбирҳои иловагиро амалӣ намояд.

Ҳамчунин, ба Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки барои ҷудо намудани қитъаи замин ҷиҳати ташкили хоҷагиҳои зотпарварӣ ва ноҳиябандии навъҳои занбӯри асал чораҳои амалӣ андешанд.

Сарвари давлат дар ин семинар- машварат таъкид намуданд, ки заминаи мусоиди фароҳамоварда имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 600 ҳазор ва истеҳсоли асал то 14 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад.

Президенти мамлакат хотиррасон намуданд, ки имконияти истифоданашуда ҳанӯз ҳам бисёранд ва дастур доданд, ки рушди соҳа бо тамоми ҷидду ҷаҳд идома дода шавад ва солона то 14 ҳазор тонна асал ҷамъоварӣ шавад: «Ҳамчунин маҳсулоти дигари соҳа, аз ҷумла мум, гарди гул, шири модарзанбӯр, ширеш ва заҳри занбӯр, ки дар саноати дорусозӣ ва тибби муосир васеъ истифода мегардад, истеҳсол ва маҳсулоти соҳа ба хориҷи мамлакат содирот шавад».

Мавриди тазаккур аст, ки асали Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои зиёди байналмилалӣ бо назардошти сифати баланд, таъми хуш ва аз лиҳози экологӣ тоза буданаш сазовори ҷоизаҳо гардидааст.

Асали Тоҷикистон соли 2014 дар Конгресси чоруми байналмилалӣ оид ба занбӯриасалпарварӣ ва намоиши асали кӯҳӣ дар Туркия соҳиби ҷоизаи биринҷӣ, соли 2015 дар намоишгоҳи «Продэкспо – 2015»-и Федератсияи Русия соҳиби медали тилло, соли 2018 дар Иди байналмилалии занбӯриасалпарварон дар шаҳри Истанбули Туркия (намунаи асали ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, Сангвор ва Шаҳристон) соҳиби ҷоизаи ифтихорӣ ва соли 2019 дар намоишгоҳи байналмилалии «Асал ва маҳсулоти он» дар шаҳри Давҳаи Қатар (асали Ховалинг) соҳиби ҷоизаи ифтихорӣ гардидааст.

Ҷиҳати ба роҳ мондани содироти асал дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии савдо зиёда аз сад намунаи асали Тоҷикистон аз озмоишгоҳҳои дорои аккредитатсияи байналмилалии давлати Олмон аз ташхиси лабораторӣ гузашта, бинобар мусбат арзёбӣ гардидани сифати онҳо ба бозори давлатҳои Иттиҳоди Аврупо роҳ ёфтаанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 8, 2024 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бонки миллии Тоҷикистон тағйироти охирин дар Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ баррасӣ гардид
«Somon Air» ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 дастрас менамояд
Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оғоз гардид
Намояндагони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи кишти чигит зиёда аз 86 фоиз иҷро гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо нашъунамои чигити зери плёнка дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ёвон шинос шуд
Душанбе моҳи август мизбони «Food industry Forum of Tajikistan-2026» мегардад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми умумиҷаҳонии шаҳрҳо дар Боку иштирок намуданд
Ҳаҷми умумии ҳамлу нақл байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 5,8 фоиз афзудааст
ТАВАҶҶУҲ! Интиқоли одии маблағ байни аъзои оила, дӯстон, наздикон ва дигар шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ намегардад!
Дар ҶДММ «Саноати Ашт» хатҳои нави истеҳсолӣ васлу насб гардиданд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд