Дар Тоҷикистон Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» ба маблағи 58 млн доллар дар амал татбиқ мешавад

Январь 29, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зери сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамоҳангӣ  бо Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) Лоиҳаи грантии  «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» ба маблағи 58 млн доллар татбиқ мегардад, ки ҳадаф аз он беҳтарсозии вазъи соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар деҳоти ҷумҳурӣ мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» иттилоъ дода шуд.

Иброз гардид, ки мақсади асосии татбиқи ин лоиҳа беҳтарсозии вазъи воқеӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар деҳоти ҷумҳурӣ буда, татбиқи он асосан дар ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Ҷалолуддини Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун, ноҳияи Восеъ ва шаҳри Левакант ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки дар доираи Лоиҳаи «Обтаминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» моҳи октябри соли 2023 бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойгоҳи обкашӣ, воқеъ дар деҳаи Тосқалъаи  Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бо татбиқи ин лоиҳа 40 деҳаи ноҳияи Восеъ бо шумораи 155 ҳазор нафар аҳолии деҳот бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Соли 2023 аз шумораи 10,2 млн аҳолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 66 фоиз ё 741 676 нафар бо оби нӯшокии мутамарказонида таъмин шуданд, ки нисбат ба соли 2018  1 млн 618 ҳазор нафар зиёд буда, суръати афзоиши он 6,3 фоизро ташкил медиҳад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд