Дар вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни Сада чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид

Январь 27, 2024 17:38

ДУШАНБЕ, 27.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба ҷашни Сада чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар тантанаи идона роҳбарияти вилоят, меҳмонон ва фаъолону деҳқонон иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо афроштани гулхан ҳамчун рамзи нуру гармӣ ва рамзи ҷашни Сада оғоз гардид.

Меҳмонони чорабинӣ бо намоиши маҳсулоти донагӣ, кишоварзӣ ва нониву таомҳои миллӣ, гӯшаи гулу гиёҳҳо, растаи намоиш ва фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, сояафкан, техникаи соҳаи кишоварзӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд.

Доирадастону карнайнавозону найнавозон зери унвони «Корвони шодмонии Сада» намоишномаеро пешниҳод намуданд.


Таъкид гардид, ки боиси ифтихор аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми кӯҳанбунёди мо эҳё шуда, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мешавад.

Миллати тоҷик бо фарҳангу тамаддуни бою ғанӣ дар ҷаҳон ҷойгоҳи хоса дорад. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, амсоли Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат намудаанд», — гуфта шуд дар чорабинӣ.

Иброз гардид, ки соли 2023-ро мардуми вилояти Хатлон дар ҷодаи татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ соли бобарор ва самарабахш арзёбӣ менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят давоми соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 35 миллиарду 326 миллиону 251,2 ҳазор сомониро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба соли 2022 ба 106,8 фоиз баробар гардид (афзоиш 2 млрд. 251 млн. 840,1 ҳазор сомонӣ). Аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 103,1% (24 млрд. 640 млн. 108,2 ҳазор сомонӣ), соҳаи чорводорӣ 116,5%-ро (10 млрд. 686 млн. 143,0 ҳазор сомонӣ) ташкил дод.

Соли 2023 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи растанипарварӣ 1 млн. 86 ҳазор тонна ғалладона, 229 ҳазор тонна пахта, 227 ҳазор тонна картошка, 1 млн. 800 ҳазор тонна сабзавот, 764 ҳазор тонна полезӣ, 276 ҳазор тонна мевагиҳо, 92,6 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардид. Афзоиши ҳаҷми истеҳсол нисбат ба соли 2022 аз 1,2 то 16,8 фоизро ташкил медиҳад.


Дар соҳаи чорвопарварӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 237 ҳазор тонна (117,6 %), шир 575 ҳазор тонна (106,0 %), тухм 134 млн. дона (110 %), пашм 6000 тонна (104,0%), пилла 116 тонна (64,2%) асал 1220 тонна (100,5%) ва моҳӣ 3900 тоннаро (110,4%) ташкил дода, афзоиши ҳаҷми истеҳсол нисбат ба соли 2022 аз 0,5 то 17,5 фоизро дар бар мегирад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид».

Тазаккур дода шуд, ки дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ бар зидди торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад.

Мувофиқи боварҳо ва манбаъҳои бостонӣ, агар Хуршед бо нури худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани хонаву қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон замина гузоштааст.

Маҳз Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаю созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷашни Сада дубора эҳё гардида, шаҳомату азамати худро барқарор намуд.

Ҳамасола дар ин айём мардуми Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада дар баробари гулханафрӯзию омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, инчунин аз ҳавлию хонаҳо ашёҳои нодаркорро берун карда, ба тозаву озода  гардонидани манзилу гирду атроф ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ машғул мешаванд. Аз гузаштагон анъанаи хубе то имрӯз боқӣ мондааст, ки тоҷикон суфраи ҷашни Садаро бо гузоштани меваҷот, донагиҳо, хушкмеваҳо, тайёр кардани шарбат ва хӯрокиҳои дигар аз анвои орди гандумӣ, ҷавӣ, нахудӣ оро медиҳанд.

Ташкили намоиш-фурӯши ниҳолу дарахтон, гулу гулбуттаҳо, омода намудани техникаи кишоварзӣ, яке аз унсурҳои дигари иди Сада ба шумор рафта, ба ин васила мардум ба корҳои саҳроӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ оғоз мебахшанд.

Дар чорабинӣ ба як қатор заҳматкашони беҳтарини сол ва фаъолоне, ки дар дастовардҳои соли 2023 саҳм гузоштаанд, бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Январь 27, 2024 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд